Сафи муҳоҷирони ихроҷшуда меафзояд

Январь 24, 2014 17:14

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Беш аз 70 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муддати аз 3 то 5 сол вориди Федератсияи Русия шуда наметавонанд»,-хабар дод сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар нишасти матбуотӣ.  Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳолати 15 декабри соли 2013 аз ҷумҳурӣ 779 ҳазору 396 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа барои кор кардан сафар намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2012- 35 ҳазору 036 нафар ё 4,4 фоиз зиёд мебошад. Тибқи маълумоти вазорат дар ин давра аз хориҷа 605 ҳазору 636 нафар муҳоҷири меҳнатӣ бозгашт, ки дар қиёс ба соли 2012- 23 ҳазору 714 нафар зиёд мебошад.

Январь 24, 2014 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш