Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Сатҳи камбизоатӣ аз 38, 0 фоизи соли 2012 то 35, 6 фоиз дар соли 2013 коҳиш ёфтааст, ки сабаби ин болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ин нукта дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид. Тибқи маълумоти мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Алишер Ёрбобоев аз соли 1997 то аввали соли 2013 музди меҳнати миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 80 маротиба афзуда, дар соли сипаригашта даромадҳои пулии аҳолӣ 16,8 фоиз, амонатҳои аҳолӣ 26,8 фоиз ва музди миёнаи меҳнат 26,7 фоиз афзуда, моҳи октябри соли 2013 зиёда аз 750 сомониро ташкил додаанд. Даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2013 аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 21 миллиарду 182,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои амалӣ 18,0 фоиз афзудааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






