Ширкати 300 хонанда дар олимпиада

Январь 24, 2014 16:13

Хоруғ, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар мактаби президентии шаҳри Хоруғ даври сеюми олимпиадаи толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии вилоят оғоз шуд. Беш аз 300 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят барои иштирок дар олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ғарибшо Ғарибшоев-сардори Раёсати маориф ва илми вилоят дар мавриди дастовардҳои соҳаи маориф дар чанд соли охир ба таври мушаххас изҳори назар карда, аз ҳамкории омӯзгорону волидайн дар маҳаллаҳо изҳори сипос кард. Ба гуфтаи Ғарибшоев дар соли гузашта хонандагони макотиби вилоят наздик ба 30 медали тилло ба даст оварданд. Дар асоси Низомномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қарор шудааст, ки дар олимпиадаи вилоятӣ ду даста байни ҳам сабқат кунанд. Дастаи аввал аз ҳисоби мактаби президентӣ ва мактаб-литсейи Оғохон, дастаи дуюм аз номи макотиби таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок мекунад.

Январь 24, 2014 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад