Соли 2013 «Тоҷик Эйр» мусофирбариро коҳиш дод
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2013 Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷик Эйр» 2011 парвози дуҷонибаро анҷом дод, ки назар ба соли 2012 баробари 541 парвоз камтар аст. Директори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Мувофиқи суханони мавсуф, дар давраи ҳисобот беш аз 367 ҳазор нафар мусофирон аз хидмати «Тоҷик Эйр» бархурдор шуданд.
Ширкати мазкур дар самтҳои байналмилалӣ ба 343 ҳазору 200 нафар мусофирон хидмат расонидааст, ки ин назар ба соли 2012 баробари 1,1 фоиз зиёд аст.
Дар парвозҳои дохилӣ ҳаҷми мусофирбарӣ 67,5 фоиз коҳиш ёфта, ҷамъ ба 24 ҳазору 600 нафар мусофирон хидмат расонида шудааст. Назар ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, коҳишёбии мусофирбарӣ дар самтҳои дохилӣ аз ҳисоби кам шудани парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






