Тағйиру илова ба Қонуни бозори қоғазҳои қиматнок
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»-ро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва вакили Маҷлиси намояндагон Мунаввара Кенҷаева баррасӣ намуданд.
Номбурдагон зикр намуданд, ки лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловахо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.
Қабули қонун ба тақвияти низоми миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ вобаста ба муқовимат ва софкории пул ва мубориза ба маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






