Таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар хориҷа

Январь 20, 2014 15:16

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Ба гуфтаи муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишкадаҳои олии хориҷӣ барои таъмини иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо мутахассисони лаёқатманд аҳамияти бузург дорад. Мувофиқи суханони номбурда, соли гузашта 2 ҳазору 460 нафар шаҳрвандони кишварамон ба донишкадаҳои олии Украина, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Чин фиристода шуданд. Раҳматулло Мирбобоев ҳамчунин зикр намуд, ки алҳол дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон 1569 нафар донишҷӯёни 25 кишвари хориҷи наздик ва дур таҳсил менамоянд. Мавсуф хабар дод, ки соли 2013 – ум 1222 нафар донишҷӯён бо квотаи Президенти ҶТ дар мактабҳои олӣ қабул шуданд, ки 629 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, алҳол дар донишкадаҳои олии кишвар дар баробари гуруҳҳои таълими забони тоҷиқӣ 36 гуруҳи академии таҳсилот ба забони англисӣ ва 500 гуруҳи академии таҳсилот ба забони русӣ фаъолият доранд.

Январь 20, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд