Таъкиди Сарвазир ба вусъати корҳои таҷлили 3000-солагии Ҳисор

Январь 30, 2014 16:53

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд.
Дар ҷаласа оид ба рафти омодагиҳо, аз ҷумла  раванди пешбурди корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозӣ, ободонӣ ва сабзу харрамнамоӣ ҳисоботи аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳисор шунида шуд.
Тавре таъкид карда шуд, имрўзҳо дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар аксар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад ва  дар қисми дигари иншооти пешбинишуда  корҳои лоиҳакашию ба нақшагирӣ шурўъ гардидааст.
Сарвазири мамлакат бо дарназардошти аҳамияти таърихии таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид кард, ки таҷлили ин санаи таърихӣ аз як чониб воситаи муаррифии бештари таърихи куҳан доштани ин сарзамин бошад, аз ҷониби дигар омили хуби таъмини пешрафт ва рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад. 
Бо ин мақсад дар фурсати кўтоҳ барои дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид кардани мавзеъҳои таърихии Ҳисор ва дар доираи чорабиниҳои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ  таҷлил кардани ҷашни 3000-солагии он зарур шуморида шуд. 
  Қоҳир Расулзода аъзои кумитаи тадорукотро вазифадор кард, ки  ҷиҳати саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти пешбинишуда, беҳдошти шабакаҳои обу корезӣ, фароҳам овардани шароити зарурии таъминоти обӣ нўшокӣ ва нерўи барқ  тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.
 
 
 

Январь 30, 2014 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд