Тарозуҳои «фиребгар»-ро аз бозор бароварданд

Январь 28, 2014 14:11

        Хоруғ, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ ба хотири аз муомилот берун кардани молҳои пастсифат дар мағозаву бозорҳои шаҳр санҷиши муштарак анҷом доданд. Бино ба иттилои сардори  Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилоят Пайшанбе Абутуробов дар асоси арзу муроҷиати харидорон аз ҷониби ҳамкорони мо сифати тарозуҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, зеро бештари тарозуҳое, ки аз кишвари Чин ба вилоят ворид мегарданд, ба меъёр мутобиқ нестанд. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки баъзе  тарозуҳо вазни маҳсулотро як баробар камтар нишон медиҳанд. Дар давоми чанд моҳи охир   5 ҳазору 501 адад васоити ченак дар бозору мағозаҳои шаҳру навоҳии вилоят санҷида шуда, як қисмашонро барои таъмир тавсия доданд ва қисми дигар комилан аз истифода бароварда шуданд.
        Дар маҷмӯъ, бештар аз 500 мағозаву маркази тиҷоратӣ ва корхонаи хизматрасонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд ва  ва 222 ҳолати  вайронкунии қонунгузорӣ ошкор гардида, соҳибонаш ҷарима шуданд.
    Пайшанбе Абутуробов, сардори Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилоят ҳамчунин гуфт, ки  дар ҳамкорӣ бо кормандони ширкати барқии «Помир Энержи» 15 ҳазор адад ҳисобкунаки барқии электрониро, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба вилоят  ворид гардидааст, аз назорати стандартӣ  гузарониданд. 
 

Январь 28, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд