Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба манзури рушду беҳдошти системаҳои таъмини об ва санитария якчанд лоиҳаи инвеститсионӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар ҳошияҳои Лоиҳаи рушди инфрасохтори коммуналии маҳаллӣ корҳои сохтмонию барқарорсозии системаҳои таъмини оби шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Кулоб, Данғара, Қӯрғонтеппа, Истаравшан ва Конибодом ба маблағи 16 милдлиону 500 ҳазор доллари ИМА иҷро гардидаанд.Дар асоси лоиҳаи мазкур 41 адад техникаи махсус, 790 контейнер барои ҷамъоварӣ ва интиқоли ахлот, ҳамчунин либоси корӣ барои кормандони муассисаҳои зертобеъ харидорӣ шудааст.Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар нишасти матбуоти аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2013 дар ин бора хабар дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






