Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобӣ иштирок мекунад

Январь 27, 2014 11:33

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки теъдоди иштироккунандагони мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё дар соли 2019 – ро зиёд намояд. Сар аз мусобиқоти ояндаи қитъавӣ дар марҳалаи ниҳоии он на 16 даста, балки 24 даста иштирок мекунад. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи кумитаи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё, ки дар Уммон таҳти раёсати президенти Ассосиатсияи футболи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Юсуф ал — Серкал баргузор гардид, чунин қарор қабул шуд. Хотирнишон месозем, ки дастаи Тоҷикистон аз ин пеш ягон маротиба дар бахши ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Осиё иштирок накарда буд. Дастаи миллии кишвар маротибаи охир дар даври интихобии мусобиқоти дастаҳои мунтахаби Осиё 11 сол муқаддам — соли 2003 иштирок иштирок дошт. Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё ҳамчунин тасмим гирифт, ки мақоми аъзои ассотсиатсияҳо дар асоси қувваозмоии дастаҳои мунтахаб ва клубҳо тайи чор соли охир дар мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё муайян карда шавад. Ҳамаи қарорҳои кумитаи мусобиқот бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё имзо ва тасдиқ гарданд.

Январь 27, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ