“Тоҷикстандарт” 297 тонна ордро ғайристандартӣ донист
Душанбе, 20 январ. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Кушакова). — Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифат дар давоми соли 2013 аз тарафи нозирони назорати давлатии “Тоҷикстандарт” дар корхонаву нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ 6 ҳазору 107 санҷиш гузаронида шуда, дар 2 ҳазору 26 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 974 ҳолат амрияи манъи фурўш ба тасвиб расонида шуд. Дар ин бора 20 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод. Вай афзуд, ки дар озмоишгоҳҳои ташхиси маводи ғизоии Агентии “Тоҷикстандарт” дар давоми соли 2013 дар натиҷаи ташхис 3 тонна маҳсулоти гўштӣ, 221 тонна равғани растанӣ, 5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 297 тонна орд, 1400 дал нўшокиҳои спиртӣ, 20000 дал нўшокиҳои ғайриспиртӣ, 68 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 225 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 62,4 тонна иловагиҳои хўрокӣ, 1,04 тонна маҳсулоти ширӣ, 20 тонна консерва, 97 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо номгўй маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотии дигар ғайристандартӣ дониста шуданд. Ба иттилои Б. Шукуров тибқи тартиби муайяншуда як миқдор аз маҳсулоти мазкур аз нав коркард ва қисми дигари он бо иштироки намояндагони мақомоти марбута, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма нобуд шуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






