Қочоқгарон дастгир шуданд

Февраль 17, 2014 10:52

Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Кормандони  Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди Президенти  ҶТ  ду  нафар  сокинони  ноҳияи  Рӯдакиро, ки ба қочоқи  маводи  нашъаовар машғул  буданд,   дастгир  намуданд. 
 
Назар  ба  хабари  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  ба  кормандони  агентӣ  маълум  шуд, ки  посбони  коллеҷи  техникию  омӯзгории   шаҳраки  Сомониёни   ноҳияи  Рӯдакӣ  ба   гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъаовар   машғул  будааст. 
 
Дар  натиҷаи  тафтиши  ҳуҷраи  посбони  коллеҷ  аз  он  ҷо  80  бастаи  ҳашиш   пайдо  гардид. 
 
Посбони  коллеҷ ва  шарики  ӯ  дастгир  шуда, аз рӯи  ин қазия    парвандаи  ҷиноӣ  кушода,шудааст.

Февраль 17, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад