Ҳафтаи дарҳои кушод дар Хуҷанд

Февраль 27, 2014 10:23

Душанбе, 27.02.2014 (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Шурӯъ аз  28 феврал то 7 март  дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров ҳафтаи дарҳои кушод эълон шудааст.  
Тибқи иттилои  сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод ин иқдом ҷиҳати муташаккилона гузаронидани раванди бақайдгирии довталабон, барои ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҳандозӣ мешавад. Садорати факултаҳои донишгоҳ муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати муташаккилона гузаронидани ҳафтаи дарҳои кушод тамоми тадбирҳоро андешида, довталабоне, ки хоҳиши боздид аз факултаҳоро доранд, бояд пурра аз фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бардошт намоянд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Раёсати донишгоҳ ба унвони сардори Раёсати маорифи вилоят баҳри тарғиб ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар ҳафтаи дарҳои кушод мактуб низ ирсол гаштааст.
 

Февраль 27, 2014 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш