А.Қодирӣ узви МММО интихоб шуд

Февраль 19, 2014 13:49

Хуҷанд, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Абдуаҳад  Додобоев).-  Раиси  вилояти  Суғд  Абдураҳмон  Қодирӣ  узви   Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  интихоб  гардид. 
 
Рӯзи   шанбеи  гузаштаи  15  феврал ҷаласаи   муштараки   намояндагони  мақомоти   вилоятӣ ва  шаҳрию  ноҳиявии  Суғд  баргузор  гардида,   дар  он  аз ҷумлаи  698  нафар  интихобкунандагон  639  нафари онҳо  иштирок намуданд.
 
Дар  ҷаласа  масъалаи  «Интихоби  узви  нави  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҷойи вакили аз  ҳавзаи интихоботии Суғд № 2  хориҷшуда»  баррасӣ  шуд. 
 
Аз  ҷумлаи  639 нафар  интихобкунандагон 629  нафари онҳо  ба  ҷонибдории  роҳбари  ҳозираи  вилоят  Абдураҳмон  Қодирӣ  овоз доданд. Мувофиқи  ин  дар   асоси   моддаи   51  қонуни  конститутсионии  ҶТ «Дар  бораи   интихоботи Маҷлиси Олии  ҶТ»  Абдураҳмон  Қодирӣ  узви  интихобшудаи Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҳавзаи  интихоботии  Суғд № 2  дониста  шуд.

Февраль 19, 2014 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд