Баррасии ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии Русия

Февраль 26, 2014 09:26

Душанбе, 26.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо директори генералии  ҶСП «Корхонаи байнисоҳавии нақлиёти саноатии «Промтранс»  О. Рагозина, директори ҶСК «ТСК Интерси»  А. Корчмарик  ва сарвари ширкати нақлиётии Урал «Желдорэкспедиция» Н. Аверянова  мулоқот кард. Зимни дидор ҷонибҳо оғози татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба фаъолгардонии ҳамкориҳои судманд миёни ду кишварро баррасӣ карданд, ки он ҳанӯз моҳи январи соли равон дар шаҳри Душанбе  доир гардида буд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, ҳадаф аз мулоқот  шиносоии ширкатҳои русӣ бо вазъи бозори Тоҷикистон, муаррифии фаъолияти ширкатҳо ва омўзиши иқтидори Тоҷикистон буда, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникӣ  дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ,  истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии ҳарду тарафро  барои ҳамкориҳои дуҷониба судманд арзёбӣ карданд.
 
 

Февраль 26, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ