Баррасии вазъи фазои динӣ дар Хатлон

Февраль 19, 2014 09:59

 
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ҳайати кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси кумита Абдураҳим Холиқов бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вилояти Хатлон сафар намуд. Гурӯҳи кории кумита сафари худро аз маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, бо фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи он дидору мулоқот намуд. Абдураҳим Холиқов бо таваҷҷуҳ ба аҳли толор таъкид намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ба тасвиб расидааст ва он бояд самаранок татбиқ гардад.  Абдураҳим Холиқов дар ин дидор бо имомхатибон, имомон ва аҳли ҷомеаи шаҳри Қурғонтеппа роҷеъ ба вазъи фазои динӣ дар кишвар табодули назар намуд. 
Ҳамчунин 18-уми феврал гуруҳи кории кумита ба ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон омада, бо беш аз 300 нафар  ходими дин, аҳли ҷомеа ва фаъолони он мулоқот намуд. Сафари гуруҳи корӣ дар вилояти Хатлон то 20-уми феврал идома меёбад. 
Қобили зикр аст, ки дар ин сафар гурӯҳи кории кумитаро намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд.
 
 
 
 

Февраль 19, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд