Бинои нав дар ШВКД-2 ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Саймурод Тағоев дар ШВКД-2 ноҳияи мазкур бинои хушсохти замонавӣ бо таҷҳизоти мусоид барои нозирони минтақавӣ ба истифода дода шуд.
Тибқи итттилои маркази матбуоти ВКД, дар бинои навбунёд нозирони минтақавии ҷамоатҳои Роҳатӣ, Қиблаӣ ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, инчунин барои қабули шаҳрвандон низ шароити утоқҳои корӣ мувофиқ аст.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ барои кӯмаку ёрии ҳамешагӣ ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки барои беҳтар гардидани шароити фаъолияти нозирони минтақавӣ дар дигар гӯшаҳои пойтахт низ саҳми ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ назаррас аст.
Мавриди зикр аст, ки чунин дастгирию ҳамкориҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ бо милитсия рӯз то рӯз тавсеа меёбанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






