Бурду бохти кори милитсияи нақлиёт
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Оид ба корҳои иҷрошуда дар соли сипаригардида сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ҶТ (РВКДН) генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони милитсияи нақлиёт 355 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 17 ҷиноят зиёд мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои иқтисодӣ соли 2013 нисбат ба дигар ҷиноятҳо камтар ошкор шудааст. Аммо ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир нисбат ба соли гузашта беш аз 100 кг зиёд мебошад. Аз 15 нафар ҷинояткоре, ки дар кофтукови РВКДН қарор дошт, 8 нафараш шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ки ҳанӯз дастгир нашудааст. Вале, бояд гуфт, ки кормандони милитсияи нақлиёт 29 ҷинояткори дар кофтукови дигар шуъбаҳои ВКД бударо дастгир карданд. Ҳамчунин соли гузашта 2 ҷасади шахсияташ номаълум дар минтақаҳои хизматии шуъбаҳои РВКДН- 1 ҷасад дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва 1 ҷасад дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дарёфт шуда, то ҳол шахсияти онҳо маълум нашудааст.
Аз суханҳои Ш. Сабзов бармеояд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои он, ҳамчунин пешгирии ҷиноят дар самти мазкур нақшаҳои нав дар назаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






