Дар Сочи барномаи мусобиқотии Олимпиада — 2014 оғоз ёфт

Февраль 7, 2014 14:33

Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 6  феврал  дар   шаҳри  Сочи  барномаи  мусобиқотии  Бозиҳои   ХХ11  зимистонаи   олимпӣ  оғоз  ёфт.  Дар  мавриди  аввал  мардҳо аз  рӯи  намуди  варзиши сноуборд  қувваозмоӣ   намуданд.
 
Дар  Олимпиадаи  Сочи  аз  ҷониби  Тоҷикистон лижарон Алишер  Қудратов ҳунарнамоӣ  мекунад. Дар  ин  бора  сардори  шуъбаи  байналмилалии Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон  Маҳмадшо  Абдуллоев  хабар  дод.
 
Хотирнишон  месозем, ки  Бозиҳои  ХХ11  зимистонаи   олимпӣ  аз  7  то  23  феврали  соли  2014  баргузор  гардида, дар  он  варзишгарон  барои  дарёфти  98  комплекти  мукофот  аз  рӯи  15  намуди  варзиш  қувваозмоӣ  менамоянд.   Барои  ин  қариб 1300 адад  медал сикка  шудааст.
 

Февраль 7, 2014 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд