Даргузашти донишманди бузург

Февраль 18, 2014 16:12

Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Субҳи имрӯз донишманди бузург,  адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худойназар Асозода дар синни 73 дунёро падруд гуфт.
Бино ба иттилои Мӯсо Асозода, бародари марҳум Худойназар Асозода бар асари гирифтории бемории қалб аз дунё даргузашт. 
Дар маросими видоъ бо Худойназар Асозода олимону донишмандон, наздикон ва шогирдон дар манзили ин адабиётшиноси маъруф гирд омаданд. Адои намози ҷаноза дар масҷиди Сариосиёи пойтахт баргузор гардид. 
Ёдрас мешавем, ки  профессор Худойназар Асозода 25- уми декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омада,  Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи  Колхозобод, лаборанти калони кафедраи забонии тоҷикии ДДТ, аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷики ДДТ, тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ фаъолиятро дар донишгоҳи мазкур идома додааст. Докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд.
Инчунин дар вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008)  фаъолият намуда буд.
Солҳои охир Асозода профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буда, дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи мазкур фаъолият мекард.
 

Февраль 18, 2014 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад