Даъват ба садоқат ба Ватан
Хуҷанд, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Раиси ноҳияи Ғончӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо донишҷӯён-хатмкунандагон ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд. Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори донишгоҳ гуфт, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзонаи факултетҳои мухталифи донишгоҳи мо 591 нафар донишҷӯ аз ноҳияи Ғончӣ таҳсил мекунад.
Дар шуъбаи ғоибона 320 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст. Яъне, дар маҷмӯъ имрӯз аз ноҳияи Ғончӣ 911 нафар донишҷӯ ба илмомӯзӣ машғул аст.
Бояд гуфт, ки тибқи квотаи президентӣ 45 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз миқдори умумии донишҷӯён, 28 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣ зиндагӣ доранд. Соли равон 75 нафар донишҷӯи ин ноҳия аз тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамояд.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон донишҷӯёнро ба дӯст доштани давлату миллат, Ватан, сарзамин, хизмат ва садоқат ба он даъват намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






