Маоши миёна- 1800 сомонӣ

Февраль 11, 2014 10:18

Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).- Роҳбарияти КМ «Зарафшон» ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро дар бораи эълон кардани «Соли 2014- соли роҳҳои обод» бо хушнудӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо директори генералии корхона Ли Фен директор ба сарвари вилояти Суғд дар бораи фаъолияти КМ «Зарафшон» дар соли гузашта маълумот дода, изҳор дошт, ки дар айни замон дар корхона 2210 нафар коргари маҳаллӣ бо кор таъмин буда, музди миёнаи маоши онҳо 1824 сомониро ташкил медиҳад. Ширкати «Зи-Чин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2013-2016 барои рушди корхона 200 миллион доллари ИМА чудо менамояд. Баъди татбиқи ин лоиҳа боз 500 нафар бо кор таъмин хоҳад шуд.  Дар мулоқот Ли Фен ба сарвари вилоят ваъда дод, ки соли ҷорӣ роҳи нақлиётии байни деҳаи Сӯфиён ва шаҳраки Суғдиён аз ҳисоби корхона таҷдид мешавад. Дар ин бора ба рӯзноманигори АМИТ «Ховар» менеҷери КМ «Зарафшон» Ҳабибулло Ёров хабар дод.

Февраль 11, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд