Машғулият бар зидди коррупсия
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва маводи нашъаовари Президенти ҶТ бо иштироки ҳайати шахсӣ машғулиятҳои хизматӣ ва размӣ гузаронида шуданд. Дар он асосҳои институтсионалии муқовимат бар зидди коррупсия ва стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ омӯхта шуданд. Зикр шуд, ки стратегияи мазкур қисми таркибии сиёсати дохилии кишвар мебошад, ки баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия ва сӯйистифода аз мансаб равона шудааст.
Инчунин таҷрибаи мусбати як сисила кишварҳо баррасӣ гардид, ки тибқи қонунгузорӣ маҳдудиятҳои дахлдор ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ворид шудаанд.
Дар машғулияти мазкур ҳамчунин фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо корррупсия ва намудҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ омӯхта шуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






