Матбуот ва амнияти иттилоотӣ
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — 26 феврал дар Хуҷанд тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик дар мавзӯи «Матбуот ва амнияти иттилоотӣ» маҳфил баргузор гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар маҳфил намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мухтор Абдуллоев оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории он, таърихи матбуоти тоҷик ва нақши нахустин рӯзномаи «Бухорои шариф» дар таҳкими матбуоти миллӣ ҳарф зад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» Фарҳод Ҷӯраев дар мавзӯи «Хусусиятҳои таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ», Каримбой Комилов, устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти амнияти иттилоотӣ» сухан гуфтанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






