Муфаттиши Прокуратураи ҳарбӣ дастгир шуд
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Фозилҷон Азизуллоев аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, номбурда аз 16 сентябри соли 2011 дар вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе кор карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҷинояти гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ даст зад. Чунончӣ, 03 феврали соли 2014 муфаттиш Ф. Азизуллоев нисбат ба сарбози қисми ҳарбии 5453 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Раҳмонов бо моддаи 387 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №64581 оғоз карда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор додааст.
Зимни тафтиши пешакӣ Ф. Азизуллоев қасдан ва бо ғараз, назди худ бо баҳонаи пурсиш сарбоз Абдуқодир Ҳотамовро, ки дар ҷои ҳодиса қарор дошт, даъват карда, ба номбурда таҳдид намуд, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори қаровул барои беназоратӣ аз болои сарбоз Ҷ. Раҳмонов — посбони баст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад.
Фозилҷон Азизуллоев аз рӯи қасди ҷиноятиаш амал намуда, дар доираи ваколатҳои мансабии худ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани сарбоз А. Ҳотамов аз падараш С. Ҳотамов ба сифати пора маблағи 2500 доллари ИМА талаб кард ва 1200 доллари ИМА-ро гирифта, овардани пули боқимондаро талаб кард.
Дар ин хусус, 23 феврали соли 2014 нисбат ба муфаттиш Ф. Азизуллоев бо банди “в” қисми 4 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21-40 зимни гузаронидани чораҳои тафтишотӣ-фаврӣ ӯ баъди дар дохили мошинаш аз С. Ҳотамов ба сифати пора гирифтани қисми боқимондаи маблағ- 1300 доллари ИМА дастгир шуда, аз дохили бордончаи мошин маблағи 1300 доллари ИМА ва аз ҳамёнаш маблағи 1200 доллари ИМА-и қаблан гирифтааш ёфта гирифта шуд.
26 феврал нисбат ба Ф. Азизуллоев бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






