Мулоқот бо намояндаи Комиссияи Аврупо
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо директори Раёсати оид ба умури Осиё, Осиёи Марказӣ ва Минтақаи уқёнуси Ором, директори генералӣ оид ба рушду ҳамкории Комиссияи Аврупо Дирк Меганк мулоқот намуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот самтҳои ҳамкории дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳоқима қарор дода, перомуни дурнамои рушди ҳамкорӣ дар солҳои 2014 – 2020, ҳамчунин масоили ислоҳоти дохилии давлат дар бахши ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун, таҳкими амнияти сарҳад, идораи захираҳои об, энергетика ва ҳамкорӣ бо муҳити зист, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин вазъияти Афғонистон ва минтақа табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






