Мулоқоти Шариф Саид бо Маҳмад Мунис Дерик
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 12 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Маҳмад Мунис Дерик мулоқот намуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи Шариф Саид, Палатаи савдои Тоҷикистон бо Иттиҳоди палатаю биржаҳои Туркия муносибатҳои мушорикона дошта, ҳамчунин бо Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни Туркия ба таври фаъол ҳамкорӣ менамояд. Имзои созишномаҳои палатаҳои ҳар ду кишвар имконияти хубе барои ҷалби сармояҳои Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст.
Сафири Туркия хабар дод, ки бисёр сохторҳои тиҷоратии Туркия хоҳони бо тоҷирони Тоҷикистон барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ доранд. Ба гуфти сафир, кор дар ин самт барои рушду густариши ҳамкории соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон басо муҳим аст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






