Мутахассиси беҳтарини табъу нашр
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Олими ҷавони тоҷик Дилшод Равшанов баъди бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Асоснок намудани ҳаҷму бузургии таҷҳизот барои коркарди маводи қолабшавандаи полиметрӣ» аз шаҳри Маскав ба Ватан баргашт. Ӯ муддати 3 сол дар Донишгоҳи давлатии полиграфии шаҳри Маскав ҳамчун унвонҷӯ дар мавзӯи мазкур тадқиқоти илмӣ мебурд.
Мавриди зикр аст, ки Дилшод Равшанов соли 2012 дар конфронси байналмиллалӣ, ки дар он намояндагони 120 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон ширкат доштанд, дар мавзӯи «Тамоюли рушди монотехнологиву пленарӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ», «пайвастшавии қабатҳои нозуки патронҳои полиграфӣ» сухан гуфт. Маърӯзаи ӯ аз беҳтарин кори илмӣ дониста шуда, дар китоби дастаҷамъии конфронс нашр ва худи ӯ бо мукофоти баланд қадрдонӣ гардид.
Дар айни ҳол Дилшод Равшанов яке аз нахустин мутахассисони унвондор дар соҳаи табъу нашр дар ҷумҳурист.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






