Муждаи Наврӯз ба Бадахшон расид

Февраль 20, 2014 15:28

   Хоруғ, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар   шаҳри Хоруғ омодагиҳо  ба ҷашни  Наврӯз оғоз гардиданд.   
       Мудири шуъбаи фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбиев гуфт, ки дар  ҷашни Наврӯзи имсола  тамошобинон  шоҳиди барномаи ҷаззобу рангин бо номи «Баҳори Бадахшон» мегарданд.     Барномаҳои фарҳангии наврӯзиро, ки меҳвари онҳоро расму суннатҳои қадимии мардум ташкил медиҳанд, коргардони маъруф Маҳингул Назаршоева таҳия менамояд.
       Бо ҷаҳонӣ шудани   Наврӯз  ин ҷашни бостонӣ  сол ба сол  дар кишвари мо бо  рангҳои  нав ба нав  ҷилва мекунад  ва имсол  дар шаҳру навоҳии вилоят  бо шукӯҳи бештаре  таҷлил мешавад. 
 
 

Февраль 20, 2014 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ