Нақши Ш. Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон
Хоруғ, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Таҳти унвони “Шириншоҳ Шоҳтемур ва таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон” нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи рӯзноманигор ва муҳаққиқи таърих, узви Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоевро аз чоп баровард. Асар ба забони русӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Он дар ҳаҷми 17 ҷузъи чопӣ ва бо теъдоди 500 нусха нашр гардидааст. Китоб ба муносибати 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, таҳия ва мунташир гаштааст.
Асари мазкур рисолаи илмӣ буда, ба омӯзиши илмии ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шӯравӣ Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида шудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи он фарзандони диловари тоҷик аст, ки тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии худро ба бунёд ва таҳкими давлати миллии тоҷикон бахшида буд.
Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи фарзандони содиқи ватан буд, ки ҳамеша барои ободию рушди бемайлони он фикр мекард. ҳарчанд дар тӯли фаъолияти хеш мавсуф дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ ва давлатӣ кор мекард, вале ҳеҷ гоҳ аз таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фосила намегирифт.
Ин саввумин китоби журналист ва нависандаву муҳаққиқ Қурбон Аламшоев дар бораи ин ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Барои китоби нахустин “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам” муаллиф гирандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии рӯзноманигорон ба номи Лоҳутӣ (с.2001) шуда буд. Пажӯҳиши дигари ӯ “Шоҳтемур- номуси миллат” низ дар байни дӯстдорони таърих ва фарҳанги тоҷик баҳои баланд гирифт.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






