Низоми мазмуни таҳсилот: воқеият ва дурнамо
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллоева).- “Низоми мазмуни таҳсилот: воқеият ва дурнамо” чунин унвон дорад, китоби навбатии мудири кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Хайрулло Сабуров, ки аз тариқи нашриёти “Меъроҷ” ба нашр расид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар монография яке аз муҳимтарин бахшҳои тадқиқоти эҳёи суннатҳои хоси маорифи миллӣ дар низоми таҳсилоти муосир сухан меравад. Боиси тазаккур аст, ки қисме аз дидгоҳҳо ва назарияҳои маъруф ва омилҳои ташаккули ин самти муҳими тадқиқоти педагогӣ дар рисола ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Китоби мазкур барои пажӯҳишгарон, аспирантону унвонҷӯён, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, донишҷӯён ва ҳаводорони илми педагогика ба унвони ёвару раҳнамое дар амри иҷрои вазифаҳои муҳими мактабу маориф, баланд бардоштани сифати таҳси¬лоти ибтидоӣ чун зербинои асосии низоми таҳсилоти куллӣ ва муҳимтар аз ҳама тарбияи инсони аз дидгоҳи маънавӣ ва ақлонӣ рушдёбанда хидмат карда метавонад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






