Омодагиҳо ба пешвози Наврӯз

Февраль 26, 2014 09:35

 
    Айнӣ, 26.02.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ фаъолияти ҳамарӯзаи худро дар асоси худидораи ноҳия ва деҳот ба роҳ монда, дар ободонию созандагӣ саъю талош мекунанд. Аҳли ҷамоати деҳот оид ба амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёдеро анҷом дода, аз волидон хоҳиш намуданд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандорию накӯкорӣ тарбия намоянд ва онҳоро аз  корҳои ношоиста дур созанд.
   Ба қавли раиси ҷамоати  деҳоти Айнӣ Шоира Бобоева: «Дар ҳудуди ҷамоат 14 маҳалла, 4 хоҷагии деҳқонӣ, 68 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 14 мактаб  ҷойгир аст, ки сокинонаш ба ҳашар баромада, масофаи 10 километр каналу ҷӯйборро аз партовпора тоза карда, ба миқдори 500 бех ниҳоли санавбар, 500 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинониданд».
    Аҳли ҷамоати деҳот тасмим гирифтаанд, ки то Наврӯзи оламафрӯз ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан шинонида, маркази ҷамоат ва  маҳаллаҳоро кабудизор карда, гулу гулбуттаҳо шинонанд. Алҳол ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози иди баҳору меҳнат- Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат оғоз гардида, сокинони ҷамоат ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шурӯъ кардаанд.
    То рӯзҳои Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат ба ҷои 10 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда 12 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.

 

Февраль 26, 2014 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд