Саҳми назарраси Ҷопон дар соҳаи кишоварзӣ

Февраль 27, 2014 15:20

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Қосим Роҳбар, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ  намояндаи агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байнлхалқӣ «JICA» Казуя Суэта-ро ба ҳузур пазируфт. 
Зимни мулоқот вазири кишоварзӣ аз саҳми намояндагони «JICA» барои даҳсолаи охир дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки новобаста аз заминларзаи соли 2011 ва садамаи Фукусимаи Ҷопон Ҳукумати Ҷопон татбиқи лоиҳаи кӯмаки соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро давом дод. 
Сипас  Казуя Суэта зикр намуд, ки дар айни замон Ҳукумати Ҷопон масоили дастгирии рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дар солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор додааст. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, Қосим Роҳбар дар ҷараёни вохӯрӣ зикр намуд, ки дар охири соли 2012 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2012-2020» қабул шуд, ки ҳадаф баланд бардоштани сатҳи иқтисодии аҳолии деҳоти кишвар, расидан ба ҳадафҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва мусоидат дар мустаҳкам намудани нақши бахшҳои хусусӣ дар рушди соҳа буда, ин ҳама аз қабули барномаҳои стратегӣ, аз қабили «Барномаи рушди ҳазорсола», «Барномаи стратегияи рушди миллӣ», «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва «Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон» бармеоянд.
 
 

Февраль 27, 2014 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд