Ш. Салимзода дар Парлумон гузориш медиҳад

Февраль 25, 2014 10:36

        Душанбе, 25.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 27 феврали соли равон дар Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати  чорум баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар иҷлосия аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар маҷмӯи масъалаҳои  марбут ба рушди  ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро матраҳ хоҳанд кард.
          Аз палатаи болоии Парлумони  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи коғазҳои қиматнок», инчунин ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мешаванд.
           Ҳамзамон интизор меравад, ки дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шерхон Салимзода доир ба назорати  риояи дақиқ  ва иҷрои якхелаи қонунҳо  дар қаламрави кишвар дар соли  2013 гузориш хоҳад дод 

Февраль 25, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ