«Сифат аз нигоҳи кӯдакон»-озмун
Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тавсеаи ҳамкорӣ бо истеъмолкунандагон мебошад, ки дар ин самт ҳамасола корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.
Агентии «Тоҷикстандарт» имсол ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади тарбияи кӯдакон ва дар руҳияи амиқ дарк кардани мафҳуми сифат ва нақши он дар ҷомеа, инкишоф додани тафаккури кӯдакон оид ба сифат, тарбия ва тайёр намудани истеъмолкунандаи худогоҳ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф бори аввал дар байни хонандагон озмуни минтақавии «Сифат аз нигоҳи кӯдакон»-ро ба таври расмкашӣ гузаронид. Дар озмун кӯдакони синни томактабӣ, синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ, яъне аз 5 то 17 сола бори аввал иштирок карданд. Озмун аз рӯи мавзӯъҳои «Ман маҳсулоти босифатро интихоб мекунам», «Ман намаки йоднокро интихоб мекунам», «Овеза (плакат)-и беҳтарин дар мавзӯи истеъмолӣ», «Экология аз нигоҳи кӯдакон» баргузор шуд. Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Мурод Ашӯров, сардори Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» гуфт, ки натиҷаҳои озмун бо баргузор намудани намоишгоҳ ва чорабинии тантанавӣ дар вилоятҳо ҷамъбаст шуданд. Ғолибони озмун имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуда, аз 403 расме, ки кӯдакон пешкаш намуданд, 31- тоаш ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






