Сокини пойтахт бо 5 кг бангдона дастгир шуд

Февраль 17, 2014 15:56

Душанбе, 17 . 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ сокини пойтахтро боздошт намуданд, ки аз ӯ ҳаҷми калони маводи нашъаовар мусодира гардид.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар дод, ки ба кормандони агентӣ маълум гардид, ки сокини 28-солаи пойтахт Д.Ф. ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст задааст. Зимни  азназаргузаронии манзили зисти ӯ бо истифодаи саги хизматӣ-кофтуковӣ, бо риояи ҳамаи меъёрҳои тартиботи мурофиаи судӣ  кормандони агентӣ аз махфигоҳ се бастаи полиэтиленӣ ва як халта дарёфт гардид, ки дар дохили онҳо маводи растании сабзранг мавҷуд буд. Тавре ки ташхиси экспертӣ нишон дод, маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи бангдона буда, вазни умумиаш 5 кг-ро ташкил менамояд.
Зимни тафтиши пешакӣ маълум гардид, ки дастгиршуда дар давоми умри 28-солааш аллакай доғи судӣ дорад. Пештар ӯ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба ҷазои ҷиноятӣ ҷалб шуда буд.
Аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, оғоз гардид.
Боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ ворид карда шуд
 
 
 
 
 

Февраль 17, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд