Созу навои тоҷикӣ дар Васант Виҳар
Душанбе, 24.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи баргузории фестивали байналмилалии фарҳангии «Сураҷкунд Мела-2014», ки дар Ҳиндустон доир шуд, ҳунармандони тоҷик дар маркази фарҳангии Васант Виҳари Деҳлӣ барномаи ҷолиби мусиқиро пешкаши тамошобинон гардониданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз ҳазор нафар меҳмонон, хусусан роҳбарони вазорату идораҳои Ҳиндустон, намояндагони корпуси дипломатии муқими ин кишвар ва соҳибкорони кишвари иқомат, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои зич доранд, ширкат намуданд. Ба тамошобинон бештар ҳунарнамоии овозхони шинохтаи тоҷик Зикриоллоҳи Ҳаким ва раққосони ансамбли «Лола» писанд омада, онҳоро бо кафкӯбиҳои бардавом хуш истиқбол намуданд. Дар ҷараёни сафар ҳунармандони тоҷик аз шаҳрҳои қадимаи Ҳиндустон боздид намуда, ёдгориҳои таърихии ин кишвари афсонавиро тамошо карданд.14.49.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






