Таҳкими фаъолияти БДА дар Бадахшон

Февраль 17, 2014 14:44

     Хоруғ, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар  моҳи  аввали  соли  2014-ум  кормандони шуъбаи  Бозрасии  давлатии автомобилии  раёсати Вазорати  корҳои дохилӣ дар   ВМКБ  барои таъмин намудани  бехатарии ҳаракат дар роҳ,  пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ  ва вайронкунии қоидаҳо дар роҳ    корҳои зиёдро анҷом доданд.
     Дар ин муддат дар  роҳҳои  мошингарди   Бадахшон  1113  мавриди вайронкунии қоидаҳои ҳаракати нақлиёт  ба қайд гирифта шуд.  Ба  гуфтаи  муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар  ВМКБ  Муҳиддин Юсупов  ҳодисаҳои бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин, дар ҳолати мастӣ идора кардани  нақлиёт,   баланд бардоштани суръати ҳаракат ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд.
       Ҳамчунин дар ин муддат  5 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа як нафар ҳалок ва 12 нафар  ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. 

Февраль 17, 2014 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд