Таъсиси 8 марказ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриқонунӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар Душанбе бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, мудири Раёсати мудофиа ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллоев, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова муҳокима гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар чорабинӣ Р. Раҳимов гуфт, ки: «Мавзӯи семинари имрӯза яке аз мавзӯъҳои муҳим ба шумор меравад, ки мо имрӯз дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро баррасӣ менамоем». Вазири корҳои дохилӣ афзуд, ки васл намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар маҳкамаҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС), таъсис додани марказҳои тестӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои шаҳру вилоятҳо, созмон додани «Телефони боварӣ», сомонаи расмии ВКД ва амалӣ намудани лоиҳаи «Шаҳри бехатар», бешубҳа, ба пешгирии шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила мусоидат менамояд».Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки: «Ҷомеаи Тоҷикистон ба давраи нави рушд ворид шуд ва дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, риоя мешаванд. Ман боварӣ дорам, баргузории семинари имрӯза баҳри пешгирии шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила такони ҷиддӣ бахшида, андешидани тадбирҳоро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб тақвият мебахшад».Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова аз ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила изҳори нигаронӣ намуда, оид ба «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва равона гардидани он ба ду самти асосӣ изҳори андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки самти аввал- ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва самти дуввум аз ташаккул додани афкори таҳаммулнопазир нисбат ба ин масъала иборат аст.Махфират Хидирова аз таъсиси 105 маркази иттилоотӣ барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва 8 марказ барои расонидани ёрӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ ва инчунин марказҳои кумакрасон дар шаҳру навоҳӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






