Таваҷҷуҳи соҳибкорони турк ба Тоҷикистон

Февраль 20, 2014 09:25

 
Анқара, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). ¬ — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов 16 феврали соли 2014  бо соҳибкорон ва саноатчиёни аъзои ассотсиатсияи “GESIAD” дар Анқара  вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот, тартиб ва шароити кушодани корхонаи муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, қарор қабул карданд, ки моҳҳои наздик ҷиҳати шиносоӣ бо фазои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар намоянд. Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.  
“GESIAD” ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Гебзе соли 1993 таъсис ёфта, дар минтақаи саноатии Гебзе ҷойгир шудааст. Дар ин минтақаи саноатӣ 2000 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ фаъолият менамояд ва дар он зиёда аз 15% маҳсулоти саноатии Туркия истеҳсол мегардад.
 
 

Февраль 20, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд