«Зарафшон» 2,5 тонна тилло истеҳсол мекунад
Панҷакент, 13. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Соли ҷорӣ корхонаи муштараки «Зарафшон» -и шаҳри Панҷакент аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз, ки ба истифода доданаш моҳи июли соли равон дар назар аст, ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба 2,5 тонна мерасонад.
Бино ба маълумоти КМ «Зарафшон» соли 2013 дар корхона 1 ҳазору 714 килограмм тилло истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори беш аз 200 килограмм зиёд аст.
Аз рӯи ҳаҷми истихроҷ КМ «Зарафшон » корхонаи бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис дода шуд. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёӣ тааллуқ дошт.
Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ дар вилояти Суғд дастрас мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






