«Амонатбонк» ободии шаҳрро хоҳон аст
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо оғози фасли баҳор дар тамоми ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбегӣ ва ҳашарҳои умумиҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Рӯзи 1 март кормандони тамоми корхонаву кумитаҳои мамлакат шанбегӣ гузарониданд. Кормандони Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон «Амонатбонк» низ барои саҳмгузор будан дар ободонии шаҳр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва омодагиҳо ба 90-солагии пойтахт дар атрофи бинои Раёсати бонк ва «Боғи 50-солагии ҷавонон» ҳашар гузарониданд.
Роҳбарияти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифтааст ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандон барои саҳмгузор будан дар ободии шаҳр ҳашар эълон намояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, дар робита ба ин раиси раёсат Ҷамшед Норинов ҳамаи воҳидҳои сохтории раёсати бонкро вазифадор намуд, ки барои нақши муассир гузоштан дар ободии шаҳр саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин ҳамаи филиалҳои бонк дар шаҳри Душанбе низ муваззаф шуданд, то рӯзҳои шанбе ҳашарҳо гузаронанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






