Бахти баланди зан

Март 5, 2014 11:11

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳангоми ба забон овардани номи Зан — Модар шахси латифу нозук, зебову пуртамкин пеши назар меояд. Дар баробари ин вақте сухан дар бораи наҷотдиҳанда меравад, ҳомии абадии осебдидагон, шахси дорои ҷисми тавонову пуриқтидор, дастони пурқувват ва иродаи қавии мардона пеши чашм меояд. Ин ду мафҳумро бисёр нафарон дар симои як шахс тасаввур карда наметавонанд. Вале таърих гувоҳ аст, ки занони тоҷик ба мисли Малика Томирису Гурдофарид дар қаҳрамонӣ аз мардон камӣ надоштанд. Қаҳрамони имрӯзаи мо низ яке аз Гурдофаридҳои асри ХХ1 мебошад, ки ба латофату назокаташ нигоҳ накарда, бештари вақти худро барои наҷот додани осебдидагони заминларзаву обхезӣ ва амсоли ин офатҳои табиӣ сарф мекунад. Бахшида ба Рӯзи Модар бо сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Ваҳдат, майор Маҳбуба Саидова ҳамсуҳбат гардидем.
 
-Шуморо сараввал бо фаро расидани фасли зебои баҳор ва Рӯзи Модар табрик менамоем. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби занон дар мақомоти дахлдор аҳамияти зиёд медиҳад. Мегуфтед ки дар кумитаи Шумо чанд нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунад?
-Ташаккур, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҶТ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва ба ҳайси корманд занони зиёд фаъолият мебаранд. Як иқдоми пешгирифтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ -ин иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
-Барои занҳое, ки дар кумитаи Шумо фаъолият доранд, иҷрои вазифа душвор нест ва оё занони роҳбар аз уҳдаи вазифаи ба зимма дошта ба хубӣ мебароянд?
-Бале, занҳое ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаъолият доранд, албатта, кӯшиш мекунанд аз мардон ақиб намонанд, зеро вазифа чӣ барои мардон ва чӣ барои занон баробар аст. Занон саъю кӯшиш мекунанд баробари мардон дар ободонӣ ва суботи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
-Барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба андешаи Шумо чӣ корҳоро бояд ба субут расонид?
-Барои дастгирии зан аввалан фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ зарур мебошад. Баъдан дастгирии занон дар ҷои кор ва оила. Тавре ки медонед, ба наздикӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон якчанд нафар занро ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти қудратӣ таъйин намуд. Ин худ як дастгирӣ ва як иқдоми беҳтарини Сарвари давлат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Бояд гуфт, ки кор дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода осон нест, хусусан барои занон. Вале дастгирии давлату ҳукумат моро руҳбаланд менамояд, то дар ин кор устувор бошем. Маҳз ҳамин тоқату устуворӣ аст, ки диққат ба занон бештар мегардад. Аз ҷумла, сол то сол маоши кормандони мақомоти давлатӣ зиёд мешаваду барои мо бисёр имтиёзҳо дастрас мебошанд, ки ин ҳама гомҳои қатъӣ дар пайгирии ҳадафҳои комили сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошанд.
-Оё сафи занони роҳбар имрӯз нисбат ба солҳои пеш бештар гаштааст ё вазъ то ҳол бетағйир мондааст?
-Тавре ки мебинед, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо занон ба ҳайси роҳбар фаъолият мебаранд. Масалан, дар шаҳри Ваҳдат солҳои пештар занони ба кори давлат машғул буда, кам ба назар мерасиданд. Имрӯз қариб дар ҳамаи корхонаву мақомот ба ҳайси ҳам роҳбару ҳам корманд занон фаъолият доранд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки занон бо мардон баробарҳуқуқ буданашонро дарк кардаанду мардон низ кори онҳоро дастгирӣ мекунанд.
-Шумо ҳамчун Зан-Модар мехоҳед, ки духтаратон касби Шуморо дар оянда интихоб намуда наҷотдиҳанда шавад?
-Албатта, ҳеҷ модар намехоҳад, ки фарзандаш кори душвор ва хавфнокро ба дӯш дошта бошад. Вале ман ростӣ мехоҳам, ки духтарам дар оянда касби маро интихоб намояд. Ман соҳиби як духтар мебошам ва ҳангоми пайдо шудани хоҳишаш барои интихоби касби наҷотдиҳанда ман садди роҳи ӯ нахоҳам шуд. Ба фикри ман агар дар оила ягон нафар ҳарбӣ ё шахси низомӣ бошад, дар он оила ҳар як фарзанд пӯшидани либоси низомиро орзу мекунад. Агар духтари ман хоҳиш пайдо кунад, ки либоси корманди ҳолатҳои фавқулодаро ба бар кунад, ман ба ӯ барои расидан ба мақсад ёрӣ мерасонам, то вай ҳам чун ман имкони ба ватан хизмат карданро пайдо кунад. Кори ман аз он сабаб душвор аст, ки ман ҳам роҳбар ҳастаму ҳам наҷотдиҳанда, боз бар замми ин дар мақомоти қудратӣ фаъолият мекунам, ки кор дар ин ҷо осон нест. Вале агар зан кӯшиш кунаду ғайрат дошта бошад, чаро хизмат накунад, зеро хизмат ба ватан ҳам вазифаи мард ва ҳам зан мебошад.
-Лаҳзаи хотирмон аз фасли баҳор ва ё Рӯзи Модар бароятон кадом буд?
-Ман 10 сол дар кумита фаъолият дораму вазифаи роҳбариро 9 сол аст, ки бар дӯш дорам. Лаҳзаи хотирмон ин ҷашни Рӯзи Модар ҳангоми вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо занон буд. Он рӯз маро аз тарафи кумита ба ин ҷамъомад фиристода буданд. Эҳсосоти он лаҳзаро ман бо сухан гуфта наметавонам, он ҳиссиёте, ки он рӯз маро фаро гирифт, хотирмон буд. Ҳангоми ба толор ворид шудан, чашмонам ба занҳои ҷамъомада расид ва он рӯз занҳо ҳама чунон зебо буданд, ки гуё ба озмуни зани зеботарин ҷамъ омада бошанд. Яке аз дигаре зеботару хушрӯйтар. Он рӯз ба унвони занон чунон таърифу таҳсинҳо гуфта шуд, ки ба фикрам занҳо ҳама бар замми зебоӣ боз болу пар ҳам бароварданд. Тавре ки медонед, ҳар шахс таърифу таҳсинро дӯст медорад ва ман ҳам ҳангоми шунидани таърифу таҳсин аз тарафи роҳбарияти давлату ҳукумат бештар илҳом гирифта, барои адои вазифаам дучанд саъю кӯшиш мекунам.
-Дар оилаатон шавҳар ва фарзандонатон ба вазифа ва касби Шумо чӣ тавр муносибат доранд?
-Аввалан шукрона аз он дорам, ки имрӯз марду зан баробарҳуқуқанд. Баъдан кӯшиш мекунам аз уҳдаи на танҳо кор дар кумита, балки корҳои хона низ бароям. Ман кӯшиш мекунам дар хона модар, зан ва кадбонуи хуб бошам. Ҳар рӯз 5 дақиқа ҳам бошад аз шавҳарам пештар ба хона омада, зуд либосҳои хонагиро ба бар карда, ба пешвози ӯ мебароям, гӯё дер боз дар хона будам. Албатта, бояд ин ҷо ба шавҳарам барои дастгирӣ ва барои фарзандонам барои интизориҳо то нисфи шаб ташаккур гӯям. Тавре ки медонед, кори наҷотдиҳанда хеле душвор аст ва он як вақти муайяни корӣ надорад. Ҳолатҳое мешавад, ки соатҳои 2-3-и шаб низ ба ман занг зада, ҳозир шудан ба ҷои ҳодисаро талаб мекунанд. Дар он лаҳзаҳо барои касе фарқ надорад, ки ман зан ҳастаму шавҳару фарзанд дорам. Он лаҳзаҳо ман наҷотдиҳанда ва роҳбар ҳастаму тамом. Албатта, дар ин лаҳзаҳо дастгирӣ ва кумаки шавҳарам ҳадду канор надорад. То пӯшидани либос шавҳарам бароям нақлиётро тайёр карда, ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки худаш маро ба ҷои ҳодиса мебарад. Ман аз ӯ барои ин дастгирӣ хеле минатдорам. Ман ҳам ба ҳамаи вазнинии кор нигоҳ накарда, кӯшиш ба харҷ медиҳам, то аз боварии аҳолии шаҳри Ваҳдат набароям ва сазовори дастгириҳои шавҳарам гардам. -Таманниёти Шумо ба кулли занону модарони тоҷик.-Мехоҳам дар ин фасли баҳор ҳар як зан зебо бошад, иффати занона дошта бошад. Оилаашро дӯст дорад. Дар оила ва ватан ҷои муносибро ишғол намояд. Ва албатта, доимо саломат бошад. Илоҳо ҳамаи занонро фарзандонашон доим дӯст доранду ҳурматашонро ба ҷо оранд, зеро ба фикрам аз ин бештар барои зан бахти баландтаре нест.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво.Суҳбаторо Лайло Тоирӣ

Март 5, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид