«Борбад ва Рӯдакӣ: идомат ва умумият дар анъанот»
Душанбе, 03.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Борбад ва Рӯдакӣ: идомат ва умумият дар анъанот», таҳти чунин унвон нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ китоби донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабовро аз чоп баровард. Китоб бо забони русӣ мунташир гардида, аз муқаддима ва ду боб — «Борбад ва рушди санъати мусиқию ромишгарии тоҷикон дар қарнҳои VI -VII», «Рӯдакӣ ва ташаккули анъанаи шеъру мусиқӣ дар асрҳои IХ -Х» иборат аст.
Маҷмӯаи мазкур ба омӯзиши нозукиҳои осори пурғановати шахсиятҳои барҷастаи олами шеъру мусиқии тоҷикон дар ду давраи таърихӣ — аҳди Сосониён (222/24-651) ва Сомониён (819-1005) дар симои нобиғаҳои бузурги тамаддуни тоҷикон -Борбади Марвазӣ (589/90- 628) ва қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) бахшида шудааст. Дар робита ба ин дар китоб ба раддабандии давраҳои таърихӣ ва силсилабандии фарҳанг ва мусиқии классикӣ, нақш ва мақоми хунёгар Борбад ва падари шеъри форсӣ- Рӯдакӣ дар ташаккули низоми давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Китоб барои доираи васеи хонандагон, коршиносони бахши фарҳанг, санъатшиносон, мутахассисоне, ки ба пажӯҳиши таърихи шеъру мусиқии тоҷикон ва Шарқи Миёнаю Наздик машғуланд, тавсия дода мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






