Дарси кушоди ҳарбӣ барои омӯзгорон

Март 12, 2014 10:18

 Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде пеш дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону устодони соҳаи омодагии ибтидоии ҳарбии чанде аз мактабҳои миёнаи мамлакат ҷамъомад доир гардид.
Омӯзгорон зимни сафари хеш ба ин муассисаи олии ҳарбӣ бо афсарон ва устодони соҳибтаҷрибаи илми ҳарбӣ суҳбату мулоқот карда, аз    шароити  мусоиди  техникӣ,  аслиҳаи ҳарбӣ   ва  дигар қисмҳои  эҳтиётӣ, ки  дар синфхонаҳои таълимӣ фароҳам  оварда  шудаанд,  дидан намуданд.
Дар дарси кушод омӯзгорон аз шароити таълимиву маишии донишандӯзон, бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаи замонавӣ, китобхона, осорхонаи ҳарбӣ ва дигар мавзеъҳои омӯзишии донишкадаи мазкур аз наздик шинос гардиданд. 
 

Март 12, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад