Дуздони ноболиғ

Март 3, 2014 11:33

   Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Сино сокини шаҳри Душанбе Сафаралӣ Ҳикматуллоев  муроҷиат намудааст, ки шаби 19-уми феврали соли ҷорӣ шахсони номаълум қулфи дарро шикаста ба  таҳхонааш даромада, аз он ҷо анҷомҳои рӯзғорашро ба маблағи умумии 2600 сомонӣ дуздидаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар дуздӣ ноболиғон Хайрандеш Давлатов, Ҳотамҷон Олимов, Сиёвуши Боймурод, хонандагони синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро  дастгир намуданд. Дар айни замон санҷиши ҳолати мазкур идома дорад.

Март 3, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш