Эҳтиёҷ ба омӯзгорони ихтисосманд
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии раиси шаҳри Конибодом Нӯъмон Обидзода бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд ва хатмкунандагони факултаҳои мухталифи риштаи омӯзгории буҷавӣ доир гардид.
Дар мулоқот зикр шуд, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ 809 нафар ва тибқи квотаи президентӣ 44 нафар донишҷӯ аз шаҳри Конибодом таҳсил мекунад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар донишгоҳ- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Соли равон 34 нафар донишҷӯёни ин шаҳр, тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамоянд. Дар соли хониши 2012-2013 23 нафар донишҷӯ аз тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм намуда, ба макотиби гуногуни шаҳри Конибодом фиристода шуданд.
Раиси шаҳри Конибодом Нӯъмон Обидзода гуфт, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Конибодом ба 180 нафар омӯзгорони ихтисосманд ниёз доранд. Дар макотиби шаҳр бештар муаллимони фанҳои дақиқ, омӯзгори забони давлатӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ, муаллимони фанҳои информатика, дифоъ намерасанд. Барои дастгирии мутахассисони ҷавон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом имтиёзҳои муайян роҳандозӣ намудааст, аз ҷумла тӯли солҳои 2012-2013 112 нафар омӯзгор соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуд.
Нӯъмон Обидзода аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба таълиму тадрис аҳамияти ҷиддӣ дода, ба таблиғи ҳар гуна равияву ҷараёнҳои бадхоҳ эътибор надиҳанд ва ободгари давлату миллати хеш бошанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






