Эҳтиёҷ ба омӯзгорони ихтисосманд

Март 12, 2014 10:53

 
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  вохӯрии раиси шаҳри Конибодом Нӯъмон Обидзода бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд ва хатмкунандагони факултаҳои мухталифи риштаи омӯзгории буҷавӣ доир гардид.
Дар мулоқот зикр шуд, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултаҳои мухталифи донишгоҳ 809 нафар ва тибқи квотаи президентӣ 44 нафар донишҷӯ аз шаҳри Конибодом таҳсил мекунад. Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар донишгоҳ- ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошад. Соли равон 34 нафар донишҷӯёни ин шаҳр, тариқи буҷавӣ риштаи омӯзгориро хатм менамоянд. Дар соли хониши 2012-2013 23 нафар донишҷӯ аз тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм намуда, ба макотиби гуногуни шаҳри Конибодом фиристода шуданд. 
Раиси шаҳри Конибодом Нӯъмон Обидзода гуфт, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Конибодом ба  180 нафар омӯзгорони ихтисосманд ниёз доранд. Дар макотиби шаҳр бештар муаллимони фанҳои дақиқ, омӯзгори забони давлатӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ, муаллимони фанҳои информатика, дифоъ  намерасанд. Барои дастгирии мутахассисони ҷавон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом имтиёзҳои муайян роҳандозӣ намудааст, аз ҷумла тӯли солҳои 2012-2013   112 нафар омӯзгор соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуд. 
Нӯъмон Обидзода аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба таълиму тадрис аҳамияти ҷиддӣ дода, ба таблиғи ҳар гуна равияву ҷараёнҳои бадхоҳ эътибор надиҳанд ва ободгари давлату миллати хеш бошанд.

 

Март 12, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар