Мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ
Душанбе, 26.03.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ мулоқот намуд.Эмомалӣ Раҳмон “ҳамкории ҳамаҷониба бо Афғонистони ҳамсояро “аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Таҷикистон” номида, рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро басо муҳим арзёбӣ кард.Абдуррауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки “роҳбарият ва мардуми Афғонистон аз дастгириҳои пайвастаи Шумо аз раванди сулҳу субот ва рушди кишвари худ қадрдонӣ мекунанд, зеро ки мо ҳамеша пуштибонии Шуморо аз манофеи сарзамини мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебинем ва эҳсос мекунем”.Таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар ташвиқ ва танзими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва бунёди шабакаҳои фаромиллии инфрасохторӣ нақши муҳим дошта бошанд.Ҳамкории босамари байнипарлумонӣ, ҳамчунин боиси рушди равобити таърихии фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвар номида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






