Мулоқот бо Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилвол
Душанбе, 26.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилволро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуд.Татбиқи ҳарчи зудтар ва босамари лоиҳаҳо доир ба кашидани хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ ба нафъи ҳарду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро, ҳамчунин барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд.Ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ барои босамар ба роҳ мондани конфронси RECCA-6 дар Афғонистон табодули назар карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






